Президенти Тоҷикистон, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми сентябр дар «Кохи ваҳдат» пленуми ҳизби ҳокимро мегузаронад.
Тавре як манбаъ аз дафтари марказии кории ҲХДТ хабар дод, дар пленуми Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ масъалаҳои даъвати анҷумани навбатии ҳизб, ки дар он аз фаъолияти муддати 20 соли ҳизб натиҷагирӣ шуда, рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ тасдиқ мегардад, баррасӣ мешавад. Ғайр аз ин, дар пленум шумораи вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ҲХДТ аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ 28 номзад ва аз ҳавзаҳои якмандати интихоботӣ 41 номзад пешбарӣ карданист.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.


