Маблағгузории China Gold барои бунёди корхонаи маводи тарканда дар Тоҷикистон

Миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амовли давлатии Тоҷикистон ва корпоратсияи China Gold созишномаи намунавӣ дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санадро рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси Кумита Қодири Қосим ва муовини директори корпоратсия Сун Лиэнжонг ба имзо расониданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Кумита иттилоъ доданд, дар маросими баимзорасии созишнома Қодири Қосим қайд кардааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амовли давлатии Тоҷикистон ва корпоратсияи China Gold созишномаи намунавӣ дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Санадро рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси Кумита Қодири Қосим ва муовини директори корпоратсия Сун Лиэнжонг ба имзо расониданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумита иттилоъ доданд, дар маросими баимзорасии созишнома Қодири Қосим қайд кардааст, ки ба туфайли талош ва иродаи сиёсии сарони ҳарду кишвар, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногуни иқтисод таҳкиму густариш меёбанд. «Дар ҳамин ҳол, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба имконоти иловагӣ мавҷуданд», – иброз доштааст ӯ.

Раиси Кумита таъкид доштааст, ки айни замон ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, ки барои ҳарду ҷониб судманд аст, дар ҳоли афзоиш аст.

Ба иттилои манбаъ, корпоратсияи China Gold корхонаи бузурги Чин дар бахши истихроҷ ва коркарди тилло мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки ин ширкат ба саноати кӯҳкории Тоҷикистон сармоягузорӣ карданист. «Дар марҳилаи аввали ҳамкорӣ China Gold барои сохтмони корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истеҳсоли маводи тарканда дар ҷануби кишвар мустақиман 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад», – гуфтанд дар Кумита.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.