Бунёди дафтари кории бахши ҲХДТ дар Сарбанд тариқи ҳашар

Date:



Дар шаҳри Сарбанд ба тариқи ҳашар ва бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бинои нави комиҷроияи ҲХДТ сохта ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон С. Сафаров зимни дидор ва мулоқоти судманд бо фаъолони ҳизб дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар дар остонаи ҷашну маросимҳои ҷумҳуриявӣ ва омодагии онҳо ба маъракаҳои сиёсӣ, перомуни пешрафтҳо ва баъзе нуқсонҳои фаъолияти созмонҳои минтақавии ҲХДТ  изҳори назар намуда, таъкид кард, ки муваффақияти ҳама гуна воҳидҳои корӣ ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як аъзои ҳизб иртибот мегирад.

«Моро лозим аст, ки то Анҷумани навбатии ҳизб, ки дар моҳи декабр ба нақша гирифта шудааст, бори дигар фаъолияти ҳизбиро дар ташкилотҳои ҳамаи зинаҳо бознигарӣ намуда, ба он муваффақ шавем, ки камбудиҳои ҷойдошта комилан бартараф карда шаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз дар шаҳру навоҳии Қумсангир, Қубодиён, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷомӣ, Ҷиргатол, Фархор биноҳои маъмурии ҳизб сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

«Пешвои ҳизби мо, президенти мамлакат ҳамеша ба таҳкими заминаи моддиву техникии ҲХДТ, сохтмони дафтарҳои кории он барои ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии он ишора мекунад», – гуфта мешавад дар хабар.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related