Бунёди дафтари кории бахши ҲХДТ дар Сарбанд тариқи ҳашар

Дар шаҳри Сарбанд ба тариқи ҳашар ва бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бинои нави комиҷроияи ҲХДТ сохта ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон С. Сафаров зимни дидор ва мулоқоти судманд бо фаъолони ҳизб дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Сарбанд ба тариқи ҳашар ва бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бинои нави комиҷроияи ҲХДТ сохта ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон С. Сафаров зимни дидор ва мулоқоти судманд бо фаъолони ҳизб дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар дар остонаи ҷашну маросимҳои ҷумҳуриявӣ ва омодагии онҳо ба маъракаҳои сиёсӣ, перомуни пешрафтҳо ва баъзе нуқсонҳои фаъолияти созмонҳои минтақавии ҲХДТ  изҳори назар намуда, таъкид кард, ки муваффақияти ҳама гуна воҳидҳои корӣ ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як аъзои ҳизб иртибот мегирад.

«Моро лозим аст, ки то Анҷумани навбатии ҳизб, ки дар моҳи декабр ба нақша гирифта шудааст, бори дигар фаъолияти ҳизбиро дар ташкилотҳои ҳамаи зинаҳо бознигарӣ намуда, ба он муваффақ шавем, ки камбудиҳои ҷойдошта комилан бартараф карда шаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз дар шаҳру навоҳии Қумсангир, Қубодиён, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷомӣ, Ҷиргатол, Фархор биноҳои маъмурии ҳизб сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

«Пешвои ҳизби мо, президенти мамлакат ҳамеша ба таҳкими заминаи моддиву техникии ҲХДТ, сохтмони дафтарҳои кории он барои ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии он ишора мекунад», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.