Музди меҳнати пасттарин дар Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ

Date:



Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар

«Нишондиҳандаҳои асосии омори иҷтимоӣ-демографӣ оид ба музди меҳнат дар моҳи июни соли 2014»

, ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ омода шудааст, маълумот дода мешавад.

Гуфта мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 918 сомонӣ (тақрибан 180 $)-ро ташкил дода, дар муқоиса бо аввали сол музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон ба миқдори 104 сомонӣ (каме бештар аз 20 $) афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи июни соли равон сатҳи бештар баланди музди меҳнати миёна  дар Русия (ҳудуди 900 $) ба қайд гирифта шуда, зинаи дуюмро Қазоқистон  (690 $) ва мақоми сеюмро Беларус (590 $) ишғол кардаанд.

Тибқи маълумоти мазкур, моҳи июни соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Озарбойҷон – 568, Арманистон – 408, Молдова – 294, Украина – 277 ва Қирғизистон – 236 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар бораи музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистну Ӯзбекистон маълумот дода нашудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...