Ҳалокати 2 нафар бар асари таркиш дар фурӯшгоҳи маводи сӯхти Хуҷанд

Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти шаҳри Хуҷанд 5 нафар осеб дида, 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти ҶДММ «Фараҳ», воқеъ дар кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд рух дода, дар натиҷа Илҳом […]



Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти шаҳри Хуҷанд 5 нафар осеб дида, 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти ҶДММ «Фараҳ», воқеъ дар кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд рух дода, дар натиҷа Илҳом Бобоҷонови 38-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба таъмир дар ин ҷо машғул будааст ва боз як нафари дигари шахсияташ то ҳанӯз мушаххаснашуда ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бар асар таркиш се нафар сокинони дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдумуталиб Ашрафови 41-сола, Барот Бобоҷонови 20-сола ва Исроил Баротови 28-сола, ки дар ин фурӯшгоҳ кор мекардаанд, низ осеб дидаанд. «Ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористони №1-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки таркиш шояд ба иллати риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи асбобу дастгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла дастгоҳи кафшергарӣ рух дода бошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.