Музди меҳнати пасттарин дар Тоҷикистон дар паҳнои ИДМ

Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар «Нишондиҳандаҳои асосии омори иҷтимоӣ-демографӣ оид ба музди меҳнат дар моҳи июни соли 2014» , ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ омода шудааст, маълумот дода мешавад. Гуфта мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи музди меҳнати […]



Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  музди меҳнати номиналии пасттарин дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора дар

«Нишондиҳандаҳои асосии омори иҷтимоӣ-демографӣ оид ба музди меҳнат дар моҳи июни соли 2014»

, ки аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ омода шудааст, маълумот дода мешавад.

Гуфта мешавад, моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 918 сомонӣ (тақрибан 180 $)-ро ташкил дода, дар муқоиса бо аввали сол музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон ба миқдори 104 сомонӣ (каме бештар аз 20 $) афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи июни соли равон сатҳи бештар баланди музди меҳнати миёна  дар Русия (ҳудуди 900 $) ба қайд гирифта шуда, зинаи дуюмро Қазоқистон  (690 $) ва мақоми сеюмро Беларус (590 $) ишғол кардаанд.

Тибқи маълумоти мазкур, моҳи июни соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Озарбойҷон – 568, Арманистон – 408, Молдова – 294, Украина – 277 ва Қирғизистон – 236 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар бораи музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистну Ӯзбекистон маълумот дода нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.