Мулоқоти сафири Русия дар Тоҷикистон бо М.Убайдуллоев

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт. Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияту густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо […]

Аваз Юлдошев



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.

Ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияту густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамчунин атрофи масъалаи омодагӣ ба форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия рӯзҳои 22-25-уми октябр дар шаҳри Маскав табодули назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар форуми зикршуда масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар доираи ин форум сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.