Муаррифии имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон дар Вена

Дар шаҳри Вена Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия таҳти унвони “Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон” баргузор гардид, ки ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев роҳбарӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия муштаракан бо Палатаи федеролии […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Вена Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия таҳти унвони “Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон” баргузор гардид, ки ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ҳамоиши мазкур муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев роҳбарӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия муштаракан бо Палатаи федеролии иқтисодии Австрия ва бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар баргузор гардида, дар ҳошияи он доираи васеи соҳибкорони тоҷику австриягӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ҳарду кишвар ширкат доштанд.

Бояд таъкид кард, ки чунин як чорабинии муҳими иқтисодӣ миёни ду кишвар бори нахуст баргузор гардида, бад-ин манзур симои мусбати Тоҷикистон дигарбора дар арсаи Аврпупо муаррифӣ карда шуд.

Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиши мазкур мусоидат ба соҳибкорони ватанӣ барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо шарикони австриягӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари он ба иқтисоди кишвар, инчунин афзоиши гардиши мутақобилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Австрия мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ, ҳайати кишвар таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро бештар ба масоили афзалиятҳову иқтидори сармоягузории кишвар, лоиҳаҳои сармоягузории дар соҳаҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ ҷалб кард. Ҳамчунин, маълумоти муфассал дар бораи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон, санадҳои аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва эътирофшуда ва оиди минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар манзур гардонида шуданд. Илова бар ин таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ дар самтҳои мухталиф ҳангоми боздидҳои расмии сарони ду давлат гузошта шудааст ва ҷонибҳо аз ин имконият бояд васеъ истифода бубаранд.

Ҳамзамон роҳбари ҳайат, иштирокчиёни ҳамоишро ба мулоқоти қарибулвуқӯъ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ сармоягузории  Душанбе-2014, ки баргузории он санаҳои 15-17 октябри соли равон дар назар, даъват намуд.

Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни доираҳои соҳибкорон, тоҷирон, намояндагони ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Австрия гуфтугӯҳои дуҷониба сурат гирифт, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои  умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ матраҳ гардиданд.

Дар фароварди маърака ба маърази тамошои ширкаткунандагон маводҳои таблиғотии аниматсионӣ (флеш-ролик), руқъаҳои  мавзеъҳои тамошобоб пешниҳод гардида, дастархони миллии тоҷикона низ ороста шуд.

Ҳамчунин, дар чорчӯбаи маъракаи мазкур санаи 11 сентяби соли равон  бо ташаббуси Сафорат дар якҷоягӣ бо Палатаи федеролии Австрия, ташрифи ҳайати Тоҷикистон ба яке аз намоишгоҳҳои сохтмонӣ, ки берун аз Вена ҷойгир шудааст, сурат гирифт. Дар ҷараёни боздид аъзоёни ҳайат бо усулҳои замонавии ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва истифодаи масолеҳҳои сохтмонӣ дар риоя бо талаботҳои экологӣ ва сарфаи қувваи барқ, инчунин аз таҷрибаи пешқадами австриягӣ дар ин соҳа аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.