Дипломати тоҷик ба президенти Ҳиндустон эътимоднома супурд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ Эътимодномаи худро супорид. Маросими супоридани Эътимоднома тибқи маросими ташрифотии кишвари иқомат дар Кохи Раштрапати Бҳаван баргузор гардид.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Ҳиндустон бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки […]

ASIA-Plus



Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ Эътимодномаи худро супорид. Маросими супоридани Эътимоднома тибқи маросими ташрифотии кишвари иқомат дар Кохи Раштрапати Бҳаван баргузор гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Ҳиндустон бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон  Пранаб Мукерҷӣ расонида шуд.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва мудофиа ба манфиати ҷонибҳо маънидод гардиданд. Ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои ҷадиди глобалӣ ба мисли даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ низ аз бахшҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Сафири Тоҷикистон Президенти кишвари иқоматро итминон дод, ки тамоми саъйю кӯшиши худро барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба харҷ хоҳад дод. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.