Курсантҳои соли аввали Академияи ВКД савганд ёд карданд

Дар саҳни Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маросими савгандёдкунии 270 нафар афсарон-курсантони курси якуми Академияи мазкур баргузор гардид, ки 10 нафарашон духтарон буданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин маросим сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, падару модарони курсантон ва меҳмонон иштирок доштанд. Зимни суханронӣ Маҷидзода […]

ASIA-Plus



Дар саҳни Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маросими савгандёдкунии 270 нафар афсарон-курсантони курси якуми Академияи мазкур баргузор гардид, ки 10 нафарашон духтарон буданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин маросим сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, падару модарони курсантон ва меҳмонон иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир зикр кард, ки «Ҳар як курсанти Академия бояд баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ омода бошад ва хизмат дар мақомоти корҳои дорхилиро вазифаи муқаддаси хеш шуморад».

Ҳамчунин собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ полковники мустаъфӣ Неъматов Мирзо зимни баромади хеш иброз намуд, ки баҳри шунавандагон дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми шароит муҳайё гардонида шудааст.

Сипас курсанти курси якуми Академияи ВКД Холов Фируз баромад карда, қайд намуд, ки мо дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ саъю кӯшиш мекунем, ки аз паҳлӯҳои ҷадиди илму дониш бархурдор гардида, баҳри ҳифзи Модар-Ватан, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷаҳду талош варзем.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.