Бемори дармонгоҳи амрози рӯҳӣ дар Турсунзода табибро кушт

Дар дармонгоҳи амрози рҳхиву асаби шаҳри Турсунзода як бемор ба табиб дарафтода, ӯро бераҳмона куштааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода хабар дод, як бемор, ки номаш ифщо нашуд, ногаҳон ба табиб Фирӯза Табароваи 54-сола дарафтода, бо қубури металлӣ ба сараш зарба задааст, ки аз ҷароҳати гирифта бар асари […]

Аваз Юлдошев



Дар дармонгоҳи амрози рҳхиву асаби шаҳри Турсунзода як бемор ба табиб дарафтода, ӯро бераҳмона куштааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода хабар дод, як бемор, ки номаш ифщо нашуд, ногаҳон ба табиб Фирӯза Табароваи 54-сола дарафтода, бо қубури металлӣ ба сараш зарба задааст, ки аз ҷароҳати гирифта бар асари ин зарба, табиб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, бемори ба табиб дарафтода ҷиҳати муолиҷаи минбаъда ба бемористони касалиҳои рӯҳиву асаби ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки  аз рӯи ин далел тафтиш ҷараён дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.