Интиқоли 1,6 млрд. $ аз Русия ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал

Дар зарфи 6 моҳи соли 2014 тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 668 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст. Нимсолаи аввали соли 2013 ин нишондиҳанда ба 1 млрд. 677,7 млн. доллари ИМА баробар буд. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон – каме […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 6 моҳи соли 2014 тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 668 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст. Нимсолаи аввали соли 2013 ин нишондиҳанда ба 1 млрд. 677,7 млн. доллари ИМА баробар буд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон – каме бештар аз 644 млн. ва семоҳаи дуюм – 1 млрд. 24 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ фиристода шудааст.

Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳои пулӣ дар семоҳаи аввал – 270 ва семоҳаи дуюми соли ҷорӣ – 306 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ин давра тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ аз Тоҷикистон ба Русия 254,1 млн. доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.

Дар маҷмӯъ тариқи ин низомҳо дар ин давра аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 млрд. 440,8 млн. доллари ИМА маблағ интиқол ёфтааст.

Тайи 6 моҳи соли равон аз Русия ба Ӯзбекистон – 2 млрд. 540,4 млн., Қирғизистон – 943,04 млн., Қазоқистон – 212,2 млн. ва Турманистон – 15,5 млн. доллари ИМА маблағҳо интиқол дода шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Ҳаҷми миёнаи маблағи интиқолшуда дар соли гузашта 351 $-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.