Шаҳрдории Душанбе хатсайрҳои нави нақлиёт ба МС «Пойтахт-90»-ро омода мекунад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба самти маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро, ки аввали ҳамин моҳ бо иштироки сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифт, омода мекунад. Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шакавт Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин масъалаи дароз шудани масофаи роҳи баъзе хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ то маҷмааи мазкур мавриди […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории Душанбе хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба самти маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро, ки аввали ҳамин моҳ бо иштироки сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифт, омода мекунад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шакавт Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин масъалаи дароз шудани масофаи роҳи баъзе хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ то маҷмааи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад.

«Бо супориши раиси пойтахт, дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзонтар дар муқоиса бо бозорҳои шаҳр гузаронида мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти шаҳрдорӣ то ҳол директори маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро таъин накарда, аз азмони ба истифода додани он раҳбарии маҷмаа бар дӯши маъмурияти мақомоти шаҳрдорӣ вогузор шудааст.


Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»

аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.