Русия баҳри беҳбуди некӯаҳволии деҳқонони тоҷик 6,7 млн. $ ҷудо мекунад

Давоми солҳои 2014-2016 ҳукумати Русия ба буҷети барномаи рушди СММ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии миллион нафар аҳолии деҳоти дар нуҳ ноҳияи Тоҷикистон иқоматдошта» 6,7 млн. доллари ИМА маблағ мегузаронад. Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия дар ин бора супориши дахлдор мунташир шудааст. Мутобиқи санади мазкур, бо ин мақсад […]

ASIA-Plus



Давоми солҳои 2014-2016 ҳукумати Русия ба буҷети барномаи рушди СММ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии миллион нафар аҳолии деҳоти дар нуҳ ноҳияи Тоҷикистон иқоматдошта» 6,7 млн. доллари ИМА маблағ мегузаронад.

Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС, дар портали расмии иттилооти ҳуқуқии Русия дар ин бора супориши дахлдор мунташир шудааст.

Мутобиқи санади мазкур, бо ин мақсад ба ин буҷет соли 2014– 2,5 млн., соли 2015 – 2,1 млн. ва соли 2016 низ – 2,1 млн. доллари ИМА маблағ интиқол дода мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш дода шудааст, ки дар бораи қабули қарори мазкур СММ ва ҳукумати Тоҷикистонро огоҳ намуда, ҳамчунин бо Вазорати молия ва Вазрати рушди иқтисод тартиби гузаронидани маблағ ва истифодаи воситаҳои мазкурро мувофиқа созад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.