Нигина Амонқулова: Ҳама гуна овозаҳо хубанд

Date:



Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова маълумоти дар чанде аз ВАО-и Тоҷикистон интишоршуда дар бораи ба рӯяш пошидани кислота ва дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доштанашро рад кард.

«Вазъи ман хуб аст, ҳамаи ин овоза мебошад. Рӯзҳои баргузории нишасти СҲШ ва консерт бахшида ба он барои сабти сурудҳо вақти кам доштам. Маҳз барои ҳамин ин замон дар студияи Кумитаи телевизион ва радио ба сабти сурудҳоям машғулам», – рӯҳбаландона гуфт тариқи телефон Нигина Амонқулова.

Дар робита ба паҳн шудани чунин овозаҳо дар матбуоти тоҷик ӯ зикр кард: «Атрофи шахсони маъруф овозаҳои зиёд вуҷуд доранд ва ин хуб аст».

«Аз ин гуна овозаҳо ман нигарон намешавам ва фикр мекунам ки инҳо душманонам ҳам нестанд. Гап сари он аст, ки атрофи сарояндаҳо ҳамеша афоснаҳо мебофанд», – гуфт ӯ.

Беҳрӯз Зеваров, дӯсти оилаи Нигина Амонқулова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз субҳ ба ӯ аз ВАО-и гуногуни Тоҷикистон занг мезананд, то ки аз воқеияти ин маълумот огаҳӣ пайдо кунанд. «Вазъи солимӣ ва ҳама корҳои Нигна хубанд. Ӯ ба эҷод машғул буда, он чизе, ки менависанд танҳо овозае беш нест», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти

сомонаи Pressa.tj

бо истинод ба манбаи муътамад, рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта пас аз баромад дар барномаи фарҳангӣ, ки ба меҳмонони СҲШ бахшида шуда буд, Нигина аснои дубора барои либосивазкунӣ ба Хонаи  радио, ки он ҷо ҳамчунин ансанбли овозадори “Дарё” фаъолият мекунад, омада, либос  иваз карда, ба хонааш раҳсипор мешавад. Аз баромадгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ( Хонаи радио)  ба рӯйи Нигина Амонқулова шахсони номаълум  ба кислотаи шакли моеъ (об) пошида, ба самти номаълум гурехтаанд. Айни замон бошад, Нигина Амонқуллова дар ҳолати вазнин дар беморхонаи пӯсти шаҳри Душанбе қарор доштааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...