Фонди Олмон 250 корманди бонкҳои Тоҷикистонро ба омӯзиш фаро мегирад

Date:



Чанде қабл миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинадории амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (Олмон) шартнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҳадафи аслии имзои шартнома такони нав бахшидан ба рушди низоми бонкдории Тоҷикистон тавассути такмили ихтисоси мутахассисони низоми бонкии кишвар то сатҳи байнулмилалӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, мавриди амали шартнома дарозмуҳлат буда, марҳилаи аввали он давраи аз 1-уми октябри соли 2014 то 1-уми сентябри соли 2017-ро дар бар мегирад.

«Дар ин давра ба омӯзиши дуалӣ (дар як вақт ҳам кору ҳам таҳсил) фаро гирифтани 250 нафар кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар назар аст», – гуфтанд дар БМТ.

Зимнан таъкид гардид, ки аксари қисмати машғулиятҳо амалӣ буда, дар ҷойҳои корӣ гузаронида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...