Барои 300 рубл тоҷик ҳамватани худро бераҳмона ба қатл расонид

Кормандони мақомоти милисаи Тоҷикистон шаҳрванди 30-солаи ҷумҳуриро ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи ҳамватани худ дар қаламрави Русия боздошт намуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-уми сентябри соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Диловаршоҳ Оймаҳмадови 30-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 247 […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти милисаи Тоҷикистон шаҳрванди 30-солаи ҷумҳуриро ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи ҳамватани худ дар қаламрави Русия боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-уми сентябри соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Диловаршоҳ Оймаҳмадови 30-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан дар ҷинояти куштор дастгир гардид.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда 18-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар  ноҳияи Ленини вилояти Тулаи Русия қарор доштанаш, дар макони зисти муваққатиаш аз ҳиссиёти хусумати шахсӣ шаҳрванд Дилшод Раҳмонови 36-сола, истиқоматкунандаи ш.Душанберо бо табар зада ба қатл расонидааст.

«Сабаби ба миён омадани низои байни онҳо тақсим карда натавонистани маблағи 300 рубли русӣ будааст», – гуфта мешавад дар итттилои ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.