Боздошти сарояндаи попи тоҷик бо героин дар Перм

Раёсати Хадамоти федералии назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия дар кишвари Перм дар бораи боздошти зодаи Тоҷикистон, ки ба паҳнкунии маводи мухаддири героин дар ҳаҷми зиёд машғул будааст, иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, боздоштшуда сарояндаи маъруфи эстрада дар Тоҷикистон будааст, ки ҳатто дар барномаи солинавии телевизиони тоҷик ширкат варзидааст, аммо дар хабар ному насаби боздоштшуда зикр […]

ASIA-Plus



Раёсати Хадамоти федералии назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Русия дар кишвари Перм дар бораи боздошти зодаи Тоҷикистон, ки ба паҳнкунии маводи мухаддири героин дар ҳаҷми зиёд машғул будааст,

иттилоъ медиҳад.


Гуфта мешавад, боздоштшуда сарояндаи маъруфи эстрада дар Тоҷикистон будааст, ки ҳатто дар барномаи солинавии телевизиони тоҷик ширкат варзидааст, аммо дар хабар ному насаби боздоштшуда зикр нагардидааст ва бино ба навори видеоии дар сомонаи ин хадамот гузошташуда, марди боздоштшуда воқеъан ҳам сароянда аст, вале на он қадр маъруфу писандида.

«Дар ин қаламрав ӯ муддати се моҳ иқомат дошта, роҳу тарз (канал)-и устувори фурӯши маводи мухаддирро роҳандозӣ намуд. Баъди мавриди назорати кормандони фаврӣ қарор гирифтан, як қатор далелҳои аз ҷониби ӯ фурӯхта шудани миқдори героини беш аз 100 граммӣ ошкор гардид. Зимни амалиёт дар маҷмӯъ зиёда аз ним кило маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд», – омадааст дар хабари сомонаи расмии хадамот.

Ба иттилои манбаъ, кормандони фаврӣ шаҳрванди хориҷӣ ва хеши ӯро, ки ба амалисозии фаъолияти ғайриқонунӣ ба ӯ мусоидат мекард, дар яке аз кӯчаҳои шаҳр боздошт намудаанд ва зимни кофтукови шахсӣ мабалғҳои пулии бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада дарёфт шудаанд.

«Тавре худи овозхон шарҳ дод, ӯ ба кишвари Перм бо мақсади наворбардории клипи навбатӣ дар шаҳри Краснокамск омадааст. Ба гуфтаи боздоштшуда, ӯ героинро дар қаламрави вилояти Маскав барои минбаъд дубора фурӯхтан дар шаҳри Перм мехаридааст. Аз эҳтимол дур нест, ки тиҷорати ҷинояткорона бо мақсади таъмини молиявии фаъолияти эҷодии боздоштшуда роҳандозӣ шудааст», – қайд мешавад дар иттилои мазкур.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон боздоштшуда ба ҳабс гирифта шуда, аз рӯи далели содир шудани ҷиноят мутобиқи моддаит 228.1-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.