ҲНИТ аввали октябр санаи баргузории анҷумани қабл аз интихоботро муайян мекунад

Дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аввали моҳи октябр доир мегардад, санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешавад. Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маъракаи интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон дар моҳи феврали соли 2015 ҲНИТ то […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аввали моҳи октябр доир мегардад, санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешавад.

Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маъракаи интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон дар моҳи феврали соли 2015 ҲНИТ то имрӯз 20 нафар номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатаро муайян намудааст.

«Рӯйхати ҳизбӣ аз рӯи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ дар анҷумани ҳизб тартиб дода хоҳад шуд», – гуфт номбурда.

Дар идома зикр гардид, ки шумори вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ низ дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии ҳизб муқаррар мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.