Ҳифзи кӯдакон омили пешгирии ҷинояткорист (чандрасонаӣ)

Масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон ва вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе зимни конфронси байнулмилалии «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» баррасӣ шуданд. Ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» гузаронида шуд. Созмондиҳандагони он Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба […]

ASIA-Plus


Масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон ва вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе зимни конфронси байнулмилалии «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» баррасӣ шуданд.

Ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» гузаронида шуд. Созмондиҳандагони он Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак буданд.

Бино ба натоиҷи мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, PRI ва Маркази ҳуқуқи кӯдак гузаронидаанд, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҳалталаб аст. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ гардида, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон роҳ дода нашавад.

Дар ҷараёни конфронс коршиносон аз Норвегия, Бритониёи Кабир, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳидаҳои худро оид ба вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона иброз дошта, ҳамчунин дар мавриди беҳбуд ва такмили низоми танбеҳҳои интизомӣ нисбат ба кӯдакон тавсияҳо пешниҳод карданд.

Дар доираи лоиҳа меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ ворид гардида, ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмаки ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад, ҳамчунин барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона роҳандозӣ шуда, барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд, таҳия мегардад.

Имрӯз дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи занона, Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони рафторашон ғайримаъмулӣ, инчунин Литсеи ҷумҳуриявии касбию техникӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.