Тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар (3 кишвари ИДМ ва 7 давлати хориҷи дур) ба маблағи умумии 65 млн. доллари ИМА 37,6 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 42,8% ва аз рӯи ҳаҷм 45% камтар аст.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 113 млн. доллари ИМА 68,4 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.
Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва мабалғи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз Тоҷикистон ба Туркия – 13,1 ҳазор, Покистон – 8,5 ҳазор, Русия – 6,7 ҳазор, Эрон – 6,5 ҳазор, АМА – 980 тонна, Беларус – 688 тонна, Чин – 430 тонна, Латвия – 258 тонна, Гонконг – 185 тонна ва Арманистон – 35 тонна нахи пахта содирот шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд.


