Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БИР ва БАТР

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо,Шариф Раҳимзода бо миссияи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҳишам Маъруф ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар аснои мулоқот бо Ҳишам Маъруф […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо,Шариф Раҳимзода бо миссияи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҳишам Маъруф ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар аснои мулоқот бо Ҳишам Маъруф атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, қаблан дар вазорат муовини аввали вазир, Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  (БАТР) мулоқот кард.

Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаригашта, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои БАТР ва имкониятҳои ҳамкорию дар оянда маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои бахши энергетикии кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.