Семинари бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Душанбе

Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон семинар барпо мекунад. Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, зимни ин чорабинӣ муҳаққиқи муассиса Канат Тилекеев дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти Донишкада дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гузориш дода, ҳамчунин тавсияҳо барои рушди […]

ASIA-Plus



Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон семинар барпо мекунад.

Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, зимни ин чорабинӣ муҳаққиқи муассиса Канат Тилекеев дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти Донишкада дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гузориш дода, ҳамчунин тавсияҳо барои рушди онро пешниҳод мекунад.

Қобили зикр аст, ки таҳқиқот ва семинар дар доираи амалисозии лоиҳаи «Рушди тиҷорати хурду миёна дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси USAID ва Бунёди Оғо Хон роҳандозӣ шудааст, гузаронида мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори семинар кормандони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, коршиносони мустақил ва намояндагони созмонҳои мададрасону иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ширкат меварзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.