Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот кард

Зимни сафари корӣ ба водии Рашт раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот кард. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони бонуфузу пирони кордидаи ноҳия ширкат варзиданд. «Дар […]

Аваз Юлдошев



Зимни сафари корӣ ба водии Рашт раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони бонуфузу пирони кордидаи ноҳия ширкат варзиданд.

«Дар мулоқот ба масъалаҳои риояи қонуну тартибот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ба рушди иқтисод, саривақт пардохт шудани нафақаву кумакпулиҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки як рӯз қабл вохӯрии ба ин монанди Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Рашт баргузор шуда, имрӯз ӯ бо фаъолони ноҳияи Ҷиргатол мулоқот мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.