Ҳабси афроди машғул ба тайёр кардани сомониҳои қалбакӣ дар Хатлон

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар тайёр кардани пулҳои қалбакии асъори миллӣ – сомонӣ се нафар сокинони вилояти Хатлонро ба ҳабс гирифтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, аз боздоштшудагон – Тоҳир Болтаеви 27-сола, Бахтиёр Мӯрчаеви 22-сола ва […]

Аваз Юлдшев



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар тайёр кардани пулҳои қалбакии асъори миллӣ – сомонӣ се нафар сокинони вилояти Хатлонро ба ҳабс гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, аз боздоштшудагон – Тоҳир Болтаеви 27-сола, Бахтиёр Мӯрчаеви 22-сола ва Фаридуни Сангинмуродзодаи 22-сола ба миқдори 17 ҳазору 800 сомонӣ пулҳои қалбакӣ дарёфт ва мусодира шудаанд.

«Онҳо пулҳои қалбакии арзишашон 50, 100 ва 200 сомонӣ тайёр намуда, онро дар қаламрави ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Ҷиликӯл ва шаҳри Қӯрғонтеппа истифода мекарданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.