Коҳиши назарраси содироти нахи пахта аз Тоҷикистон

Тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар (3 кишвари ИДМ ва 7 давлати хориҷи дур) ба маблағи умумии 65 млн. доллари ИМА […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи солҳои ахир ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар (3 кишвари ИДМ ва 7 давлати хориҷи дур) ба маблағи умумии 65 млн. доллари ИМА 37,6 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 42,8% ва аз рӯи ҳаҷм 45% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 113 млн. доллари ИМА 68,4 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.

Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва мабалғи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз Тоҷикистон ба Туркия – 13,1 ҳазор, Покистон – 8,5 ҳазор, Русия – 6,7 ҳазор, Эрон – 6,5 ҳазор, АМА – 980 тонна, Беларус – 688 тонна, Чин – 430 тонна, Латвия – 258 тонна, Гонконг – 185 тонна ва Арманистон – 35 тонна нахи пахта содирот шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.