Идомаи амалиёти «Кӯкнор-2014» дар вилояти Хатлон

Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар маркази ноҳияи Қубодиён ҷаласаи Ситоди байниноҳиявии сайёри амалиёти “Кӯкнор-2014” баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раисони ноҳияҳои Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав иштирок намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар, инчунин дар маркази шаҳри Норак ҷаласаи […]

ASIA-Plus



Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар маркази ноҳияи Қубодиён ҷаласаи Ситоди байниноҳиявии сайёри амалиёти “Кӯкнор-2014” баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раисони ноҳияҳои Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав иштирок намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар, инчунин дар маркази шаҳри Норак ҷаласаи сайёри байниноҳиявии оперативӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раисони ноҳияҳои “Ёвон, А. Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар ноҳияи Қумсангир низ ҷаласаи сайёри оперативӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раисони ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир ва Ҷ. Румӣ иштирок намуданд.

Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашаъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковник М. Хайруллозода вобаста ба ҷинояткории алоқаманд ба маводи нашъаовар сухан намуда, иброз дошт, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоят ҳодисаҳои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар зиёдтар ба қайд гирифта мешаванд. Дар баромадҳо қайд гардид, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ин танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ намебошад, тамоми ҷомеа бояд бар зидди ин падидаи номатлуб саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят оид ба ташкил намудани иҷроиши қарори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва нақшаи ташкил ва гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014 камбудиҳои ҷойдошта дар рафти кор ва роҳҳои ислоҳи онҳо, инчунин фаъол гардонидани кор дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.