Форуми нахустини «Аз ихтироъ ба инноватсия» дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз ихтироъ ба  инноватсия» баргузор мегардад. Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, дар чорабинии мазкур, ки санаи 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор […]

ASIA-Plus



Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз ихтироъ ба  инноватсия» баргузор мегардад.

Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, дар чорабинии мазкур, ки санаи 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, намояндагони вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ихтироъкорону навоварон, олимон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, соҳибкорони варзида, намояндагону роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии Форум дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои президенти мамлакат дар Паёми имсола ба парлумон доир ба анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир, таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани татбиқи амалӣ ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, баррасӣ намудани масъалаҳои соҳа ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар аст.

Гуфта мешавад, дар рӯзи баргузории Форум намоишгоҳи ихтироот манзури иштирокчиёни чорабинӣ хоҳад гашт ки, ба он аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Патент»- ба ихтироъ дода шудааст, инчунин он ихтироъҳое, ки имрўз дар амал татбиқ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияҳои муосирро ҷорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.