Asian Express Airlines парвози нахустин аз Душанбе ба Астраханро анҷом дод

Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии Asian Express Airlines рӯзи 29-уми сентябр тариқи ҳавопаймои Боинг 737-400 парвози нахустин аз Душанбе ба шаҳри Астрахани Русия ва аз он ҷо бозпас ба пойтахти Тоҷикистонро анҷом дод. Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, парвоз ба ин самт як маротиба дар 14 рӯз сурат гирифта, нархи билет ба як самт тавассути ин […]

Заррина Эргашева



Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии Asian Express Airlines рӯзи 29-уми сентябр тариқи ҳавопаймои Боинг 737-400 парвози нахустин аз Душанбе ба шаҳри Астрахани Русия ва аз он ҷо бозпас ба пойтахти Тоҷикистонро анҷом дод.

Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, парвоз ба ин самт як маротиба дар 14 рӯз сурат гирифта, нархи билет ба як самт тавассути ин хатсайр 1400 сомониро ташкил медиҳад. «Ҳавопаймоҳо барои анҷоми парвозҳоро ширкат аз ҶСК «Тоҷик Эйр» ба лизинг мегирад», – гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймоҳои Asian Express Airlines айни замон ба муоинаву азназаргузаронии иловагӣ эҳтиёҷ доранд, зеро муддати тӯлонӣ дар истгоҳҳо қарор доштанд. «Пас аз анҷоми ин корҳо мо ба истифодаи онҳо шурӯъ мекунем», – шарҳ доданд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки аз 1-уми октябр ширкати ҳавопаймоӣ ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Хуҷанд – Барнаул низ оғоз мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.