Насби телефонҳо дар мактабҳои пойтахт барои робитаи волидайн, омӯзгорон ва толибилмон

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ният дорад, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ телефонҳо насб намояд, то ки падару модарон зимни ҷараёни хониш бо фарзанди худ дар тамос шуда тавонанд. Сардори Раёсат Ҳамидулло Фақеров ин маълумотро тасдиқ намуда, иттилоъ дод, ки ахиран аксари волидайн ба мактабҳо арзу шикоят мекунанд, ки баъди манъи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ният дорад, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ телефонҳо насб намояд, то ки падару модарон зимни ҷараёни хониш бо фарзанди худ дар тамос шуда тавонанд.

Сардори Раёсат Ҳамидулло Фақеров ин маълумотро тасдиқ намуда, иттилоъ дод, ки ахиран аксари волидайн ба мактабҳо арзу шикоят мекунанд, ки баъди манъи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дар мактабҳо бо фарзандони худ дар робита буда наметавонанд ва имкон надоранд, ки мудом аз ҳозир будани онҳо дар машғулиятҳо огаҳӣ дошта бошанд.

«Ин масъала алҳол мавриди омӯзишу таҳия қарор дорад ва насби чунин телефонҳо дар ҷойҳои дастрас ба кӯдакон, ташкили навбатдорӣ барои озодона ба ин рақам занг задани падару модарон ва маълумот дастрас кардан дар бораи фарзандонашон дар назар аст», – иброз дошт Фақеров.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид ҳамчунин масъалаи харидани телефонҳои ҳамроҳи арзон дар сурати камбуди телефонҳои симдор низ дар назар буда, хизматгузории мазкур бепул хоҳад буд.

Зимнан зикр гардид, ки Раёсати маорифи пойтахт инчунин ҷорӣ намудани портали электронӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ки аз журналҳои электронӣ бо дастрасии махсус барои падару модарон ва ирсоли смс-паёмакҳо иборат аст, низ дар назар дорад. «Агар кӯдак ба дарс ҳозир нашуд, маъмурияти мактаб ба падару модари ӯ дар ин бора смс-паёмак мефиристад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.