Маҳдуд шудани истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман аз 1-уми октябр ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.
Бино ба маълумоти ширкат, лимити истифодаи барқ қаблан дар баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла Файзободу Рӯдакӣ ҷорӣ гардида, ба сокинони ин ноҳияҳо интиқоли нерӯи барқ аз соати 23-00 то 05-00 қатъ гардида буд.
«Маҳдудият каме пештар бинобар сабаби сарфаи об дар обанбори Норак дар сурати сард омадани зимистон ҷорӣ мешавад», – шарҳ доданд дар ширкати «Барқи тоҷик».
Тавре ба «Азия-Плюс» аз нерӯгоҳи барқи обии «Норак» (нерӯгоҳи бузургтарин, ки беш аз 80%-и истеҳсоли барқи кишвар ба он рост меояд) хабар доданд, имсол сатҳи маҷрои дарёи Вахш нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас камтар аст.
«Дар ҳамин давраи соли гузашта сатҳи маҷрои дарёи Вахш 547 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод. Имрӯз бошад, он ба 447 метри мукааб дар як сония баробар буда, шояд маҳз бо ҳамин сабаб тасмим гирифта шудааст, ки лимит каме пештар ҷорӣ шавад, то ки дар фасли зимистон ҷумҳурӣ бебарқ намонад», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» дар сатҳи 910 метр қарор дорад, ки ба меъёр баробар аст ва ҷараёни партобҳои холии об аввали моҳи сентябр ба охир расида, феълан шабонарӯзӣ дар нерӯгоҳ 26,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.
Ёдрас мекунем, ки маъмулан фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, дар боқӣ минтақаҳои кишвар лимити истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият қариб то нимаи фасли баҳори соли оянда, то афзудани маҷрои об дар дарёҳо идома меёбад. Дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби захирашуда дар обанборҳои нерӯгоҳҳо истеҳсол мешавад.


