Баррасии таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба саноати ватанӣ

Таъсири узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ба соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии ин кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад. Дар иттилоияи расмии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 30-уми сентябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои журналистон […]



Таъсири узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ба соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии ин кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Дар иттилоияи расмии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 30-уми сентябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои журналистон дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва таъсири он ба соҳаи ғизовориву кишоварзӣ баргузор мекунад. Айни мавзӯъ дар иртибот ба саноати оҳангудозӣ имрӯз, 1-уми октябри соли 2014, баррасӣ мешавад.

Намояндагони соҳаҳои мазкур, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СТҶ дар робита бо саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ, манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардорад, ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба ин саноатҳоро баррасӣ мекунанд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор мешавад. Ин лоиҳаи МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ ва мударриби давраҳои омӯзишии мазкур, ҳангоми муаррифии феҳраси созишномаҳои марбут ба СТҶ ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ ва пресс-кафе, дар мавриди таъсири узвияти СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон чунин ибрози назар кард: “Сарфи назар аз он ки бахши хусусӣ аз узвият дар СТҶ дар кӯтоҳмуддат таъсири манфӣ мебинад, пиёда кардани чаҳорчӯбаҳои тиҷоратии шаффофтар, амнтар ва пешгӯишавандатар дар дарозмуддат натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Ман тавсия медиҳам, ки шиносоии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо имкониятҳо ва захираҳои СТҶ идома дода шуда, манфиатҳои соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии кишвар ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин, намояндагони ин соҳаҳоро бояд ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва баҳсҳои фаннӣ пайваста ҷалб кард ва ҳамзамон, барояшон дастрасӣ ба механизм ва василаҳои СТҶ-ро фароҳам овард”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.