Лимити барқ алҳол ба маҳаллаҳои аҳолинишини бузург дахл намекунад

Маҳдудиятҳои истифодаи барқ, ки аз имрӯз, 1-уми октябр ҷорӣ шуданд, алҳол ба шаҳрҳои бузург, марказҳои вилояту навоҳии кишвар дахл намекунанд. Ба гуфтаи сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, то ҳанӯз реҷаи дақиқи маҳдудияти истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар вуҷуд надорад. «Ширкат дастур дод, ки интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони деҳот аз вақти дери шаб то […]

Аваз Юлдошев



Маҳдудиятҳои истифодаи барқ, ки аз имрӯз, 1-уми октябр ҷорӣ шуданд, алҳол ба шаҳрҳои бузург, марказҳои вилояту навоҳии кишвар дахл намекунанд.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, то ҳанӯз реҷаи дақиқи маҳдудияти истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар вуҷуд надорад. «Ширкат дастур дод, ки интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони деҳот аз вақти дери шаб то субҳи барвақт ва ҳамчунин рӯзона, замони ба ҳадди ақал расидани истифодаи он қатъ карда шавад», – таъкид дошт номбурда.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки маҳдудият каме пештар бинобар сабаби сарфаи об дар обанбори Норак дар сурати сард омадани зимистон ҷорӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» қаблан аз нерӯгоҳи барқи обии «Норак» (нерӯгоҳи бузургтарин, ки беш аз 80%-и истеҳсоли барқи кишвар ба он рост меояд) хабар доданд, имсол сатҳи маҷрои дарёи Вахш нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас камтар аст.

«Дар ҳамин давраи соли гузашта сатҳи маҷрои дарёи Вахш 547 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод. Имрӯз бошад, он ба 447 метри мукааб дар як сония баробар буда, шояд маҳз бо ҳамин сабаб тасмим гирифта шудааст, ки лимит каме пештар ҷорӣ шавад, то ки дар фасли зимистон ҷумҳурӣ бебарқ намонад», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» дар сатҳи 910 метр қарор дорад, ки ба меъёр баробар аст ва ҷараёни партобҳои холии об аввали моҳи сентябр ба охир расида, феълан шабонарӯзӣ дар нерӯгоҳ 26,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маъмулан фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, дар боқӣ минтақаҳои кишвар лимити истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият қариб то нимаи фасли баҳори соли оянда, то афзудани маҷрои об дар дарёҳо идома меёбад. Дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби захирашуда дар обанборҳои нерӯгоҳҳо истеҳсол мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов