Фарҳод Раҳимов ба оромона гузаштани интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон умедвор аст

Дар брифинг бахшида ба интихобот ба палатаи болоии парлумони Қазоқистон (1-уми октябр) ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, президенти Акадмияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов изҳори умедворӣ намуд, ки интихоби ваиклон ба сенати Қазоқистон дар вазъи ором ва комилан мутобиқи қонунгузории миллии ин кишвар сурат хоҳад гирифт. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки […]



Дар брифинг бахшида ба интихобот ба палатаи болоии парлумони Қазоқистон (1-уми октябр) ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, президенти Акадмияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов изҳори умедворӣ намуд, ки интихоби ваиклон ба сенати Қазоқистон дар вазъи ором ва комилан мутобиқи қонунгузории миллии ин кишвар сурат хоҳад гирифт.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ мониторинги маъракаи интихоботӣ дар як қатор шаҳрҳо ва марказҳои вилояти Қазоқистонро анҷом дода, бо номзадҳо ба вакилӣ дар Сенати парлумон, раҳбарияти комиссияҳои интихоботии вилоятӣ вохӯриҳо мегузаронанд.

«Ба ҳайати гурӯҳи иборат аз 28 нафар нозирон вакилони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, дабири кулли Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Алексей Сергеев, коршиносони Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ шомиланд», – иброз доштааст ӯ.

Гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Алмаато бо мақсади анҷом додани мониторинги омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Сенати Қазоқистон ба кор оғоз намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.