Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад, ки то 30-юми ноябр идома меёбад; – Дар пойтахт иҷлосияи охирини шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум ба кор шурӯъ мекунад; – Дар Бозиҳои осиёӣ дар Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ) рақобатҳо оид ба таэквондо ва гӯштии класиикӣ оғоз мегардад. […]

ASIA-Plus



Анонс



– Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад, ки то 30-юми ноябр идома меёбад;

– Дар пойтахт иҷлосияи охирини шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар Бозиҳои осиёӣ дар Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ) рақобатҳо оид ба таэквондо ва гӯштии класиикӣ оғоз мегардад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9985

сомонӣ;


1

евро –

6.3321

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


260



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии кӯҳансолон.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.


1937

– Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи мактаби мусиқиву балет дар Душанбе қарор қабул кард.


1960

– Мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли мебели Ленинобод (феълан Хуҷанд).


2009

— Парлумони Тоҷикистон Қонуни нави ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.


2013

— Бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нақби «Чормағзак» дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб боз шуд.


2013

— Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-уми Русияро тасдиқ намуд.


1933-2009

– Зодрӯзи шоира Озод Аминзода.


1937-2001

– Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров.


1939

– Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶТ Акбар Турсунов.


1946-1994

– Мавлуди актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов.


1949

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳабибулло Ибодов.


1951

– Мавлуди рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода.


1952-2001

– Зодрӯзи коргардони театр Тоҳир Баҳромов.


1960

– Мавлуди нависанда Маҷид Салим.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +21+26;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +30+32.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов