Зиреҳпӯш ва нерӯҳои қудратӣ дар роҳҳои вуруд ба Душанбе



Аз шоми дирӯз тамоми роҳҳои асосии вуруд ба пойтахтро нерӯҳои қудратии пурзӯршуда посбонӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамроҳ бо онҳо техникаи зиреҳпӯш низ гузошта шудааст.

Аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тадбирҳои мазкур ба сафари сарвари давлат ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Минск марбутанд ва бо бозгашти президент ба ватан, нерӯҳои қудратӣ ба қароргоҳҳои доимиашон бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қотеъона изҳор намуд, ки тақвияти назорату посбонӣ дар роҳҳои вуруд ба Душанбе ба ҳеҷ ваҷҳ ба овозаҳои гирдиҳамойии рӯзи 10-уми октябр робита надоранд ва дархост намуд, ки «аз ин ҳангома барпо накунед, зеро вазъ дар шаҳр орому босубот аст».

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки зимни сафари сарвари давлат ба хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳе даромадгоҳҳои асосии пойтахт чунин пурзӯр посбонӣ карда намешуданд.

spot_imgspot_img

Популярное