Суди олӣ «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон кард

Имрӯз, 9-уми октябр Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Раиси мурофиа судя Саломат Ҳакимова эълон кард, ки ҳамчунин тибқи ҳалномаи суд, дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин гуруҳ дар қаламрави кишвар, воридоту паҳн ва нашри ҳама гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии  марбут ба «Гурӯҳи […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Имрӯз, 9-уми октябр Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Раиси мурофиа судя Саломат Ҳакимова эълон кард, ки ҳамчунин тибқи ҳалномаи суд, дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин гуруҳ дар қаламрави кишвар, воридоту паҳн ва нашри ҳама гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии  марбут ба «Гурӯҳи 24» низ манъ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар санади судии дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарордошта гуфта мешавад, омӯзиш, баррасӣ ва таҳлили фаъолияти «Гурӯҳи 24» нишон дод, ки аъзои гурӯҳ тариқи шабакаи радиоии интернетии «Новый Таджикистан-2», ки ба ҳамаи корбарон дастрас буд, барномаи «Zello»-ро пахш намуда, дар конфронсҳои радиоӣ роҳбари гурӯҳ Умаралӣ Қувватов бо ашхоси гуногун дар бораи вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон сӯҳбат мекард ба саволҳои онҳо посух мегуфт.

Зимни суҳбат ӯ асосан вазъи Тоҷикистон ва ҳаёти аҳолии онро манфӣ арзёбӣ намуда, ҳукумати кунуниро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳад ва ба унвони раҳбарияти ҷумҳурӣ суханҳои носазо мегӯяд. Ҳамчунин ӯ дар суҳбатҳояш ошкоро мардумро ба ноором сохтани вазъ, даст задан ба бетартибиҳои оммавӣ ва ба таври зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон даъват мекунад.

Ҳамин тариқ, суд ба хулоса расидааст, ки изҳорот ва варақаҳои таблиғотӣ аз даъватҳои зӯроварона ғасб кардани ҳукумат ва роҳандозии фаъолияти ифротгароёна иборатанд.

Дар ҳамин ҳол, тайи моҳи ахир «Гурӯҳи 24» дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар фаъол гардида, аҳолии Тоҷикистонро ба нишони эътироз ба ҳукумати кунунӣ санаи 10-уми октябр ба гирдиҳамойӣ дар майдони марказии «Дӯстӣ» даъват мекунад. Дар ин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар Минск ҳузур хоҳад дошт.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додааст.

Чанд рӯз қабл Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 

эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро

(экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.