Зиреҳпӯш ва нерӯҳои қудратӣ дар роҳҳои вуруд ба Душанбе

Аз шоми дирӯз тамоми роҳҳои асосии вуруд ба пойтахтро нерӯҳои қудратии пурзӯршуда посбонӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамроҳ бо онҳо техникаи зиреҳпӯш низ гузошта шудааст. Аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тадбирҳои мазкур ба сафари сарвари давлат ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Минск […]



Аз шоми дирӯз тамоми роҳҳои асосии вуруд ба пойтахтро нерӯҳои қудратии пурзӯршуда посбонӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳамроҳ бо онҳо техникаи зиреҳпӯш низ гузошта шудааст.

Аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тадбирҳои мазкур ба сафари сарвари давлат ба нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Минск марбутанд ва бо бозгашти президент ба ватан, нерӯҳои қудратӣ ба қароргоҳҳои доимиашон бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ қотеъона изҳор намуд, ки тақвияти назорату посбонӣ дар роҳҳои вуруд ба Душанбе ба ҳеҷ ваҷҳ ба овозаҳои гирдиҳамойии рӯзи 10-уми октябр робита надоранд ва дархост намуд, ки «аз ин ҳангома барпо накунед, зеро вазъ дар шаҳр орому босубот аст».

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки зимни сафари сарвари давлат ба хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳе даромадгоҳҳои асосии пойтахт чунин пурзӯр посбонӣ карда намешуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.