Ба 85 сокини 90-солаи пойтахт 1500-сомонигӣ маблағ тақдим мегардад

Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати 90-солагии мақоми пойтахтро доро шудани шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт, ки ба синни 90-солагӣ расидаанд, маблағи пулӣ тақдим мекунад. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, бо дастури раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, айни замон рӯйхати сокинони шаҳр, ки ба синни 90 расидаанд, таҳия шуда, он аз 85 нафар […]



Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати 90-солагии мақоми пойтахтро доро шудани шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт, ки ба синни 90-солагӣ расидаанд, маблағи пулӣ тақдим мекунад.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, бо дастури раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, айни замон рӯйхати сокинони шаҳр, ки ба синни 90 расидаанд, таҳия шуда, он аз 85 нафар иборат аст

«Ба ҳар кадоме аз сокинони 90-солаи пойтахт аз буҷети шаҳр 900 сомонӣ ва аз буҷети ноҳияҳои пойтахт 600 сомонӣ ҷудо мегардад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи пулӣ танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки 90 солаанд ва ба шахсони аз синни 90-сола боло чунин мукофотпулӣ пешбинӣ нашудааст. «Баргузории маросими супурдани маблағҳои пулӣ ба сокинони 90-солаи пойтахт санаи 13-уми октябр дар назар аст», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки ҷашни 90солагии пойтахт давоми 9 рӯз таҷлил мегардад. Ба ин ҷашн сокинони Душанбе 900 рӯз омодагӣ гирифтанд. Чорабиниҳои ҷашнӣ бо шиори «Мо метавонем!» 11-уми октябр дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт оғоз мегарданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.