Эҳтимоли ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург, дар мулоқот масъалахои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати корӣ ва ҳамчунин корҳои омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуданд. Полтавченко таъкид доштааст, ки ба Санкт-Петербург муҳоҷирони соҳибкасб […]



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мулоқот кард.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти

мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург, дар мулоқот масъалахои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати корӣ ва ҳамчунин корҳои омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуданд.

Полтавченко таъкид доштааст, ки ба Санкт-Петербург муҳоҷирони соҳибкасб ва донандаи забони русӣ заруранд ва шаҳрдорӣ ба ташкили марказҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла кумак ҷиҳати тайёр кардани омӯзгорон ва пешниҳоди методу усулҳои таълим омода аст.

Баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербуг дар Душанбе моҳи ноябри соли 2014 дар назар аст. Дар доираи ин чорабинӣ конфронс оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, мизҳои гирд ва машваратҳо доир гардида, ҳамчунин барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ низ омода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи 

«Петербургский дневник»

 менависад, Полтавченко ва Сатторов ҳамчунин масъалаи имкони ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳрро низ баррасӣ намудааанд.

Раиси шаҳри Санк-Петербург ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ ҷиҳати дарёфти бинои муносиб барои консулгарӣ дастуру супориш додааст,- менависад

ОК-информ.ру

.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 120 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.