Масофаи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ то «Пойтахт-90» дароз шуданд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе масофаи чанде аз хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанберо то маҷмааи савдои «Пойтахт-90» дароз кард. Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки минбаъд истгоҳи охирини нақлиёти мусофирбар (маршрутка)-и №2 ва №25, ки аз шаҳраки Гипрозем то Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва аз маҳаллаи Зарафшон то корхонаи […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории Душанбе масофаи чанде аз хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанберо то маҷмааи савдои «Пойтахт-90» дароз кард.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки минбаъд истгоҳи охирини нақлиёти мусофирбар (маршрутка)-и №2 ва №25, ки аз шаҳраки Гипрозем то Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва аз маҳаллаи Зарафшон то корхонаи истеҳсоли оби ҷав (пиво) мерафтанд, маҷмааи савдои «Пойтахт-90» мешавад.

«Айни замон низ масъалаи дароз шудани масофаи роҳи боз баъзе хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ то маҷмааи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти шаҳрдорӣ то ҳол директори маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро таъин накарда, аз азмони ба истифода додани он раҳбарии маҷмаа бар дӯши маъмурияти мақомоти шаҳрдорӣ вогузор шудааст.


Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»

 аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.