Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро боло бурд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори навбатии худ меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистонро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ баланд кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, қарори мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ бинобар зиёд гардидани таъсири фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт қабул шудааст. «Дигаргунии мазкур ҳамчунин бо мақсади паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо […]

ASIA-Plus



Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори навбатии худ меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистонро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ баланд кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, қарори мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ бинобар зиёд гардидани таъсири фишорҳои таваррумӣ ба иқтисодиёт қабул шудааст.

«Дигаргунии мазкур ҳамчунин бо мақсади паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ворид карда шудааст», – омадааст дар маълумоти бонк.

Гуфта мешавад, маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 19 майи соли равон ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд карда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.