Дар Бохтар мактаби нави муосир ба истифода дода шуд

Нимаи дуюми рӯзи 8-уми октябр дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин муассисаи таълимӣ барои таҳсили 2400 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 8-уми октябр дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин муассисаи таълимӣ барои таҳсили 2400 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз 4 бинои таълимӣ, 40 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири хониш, 10 озмоишгоҳи фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар толори барҳавои фарҳангӣ, ки барои баргузории чорабиниҳои мактабӣ муҳим дониста мешавад, хонандагони ин муассисаи таълимӣ як намоиши панду ахлоқӣ дар асоси осори гаронбаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна гузоштанд, ки аввалин бинандаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд. Дар ин макатаб ҳамзамон синфхонаи омӯзишии ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин ҷо хонандагон ба бофтани қолин, гулдӯзиву зардӯзӣ ва духти дигар намуди либосворӣ машғул хоҳанд шуд.

Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони аҳли ҷамоаи ноҳияи Бохтар мулоқот намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмини онҳо бо ҷиҳози муосири хониш тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ мебошад.

Зикр гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, соли равон барои рушди соҳаи маорифи мамлакат зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта беш аз 18 фоиз зиёд буда, 5,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварамонро ташкил медиҳад.

«Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии 725 миллион сомонӣ қариб 700 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 148 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, – гуфт сарвари давлат. – Дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф рушди ин бахш дар ноҳияи Бохтар низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, соли ҷорӣ афзоиши маблағгузории соҳа қариб 40 миллион сомониро ташкил намудааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.