Ба қонун «Дар бораи амният» тағйирот ворид мешавад

Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи амният» ворид карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ […]



Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи амният» ворид карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ва ғайра низ баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа аз тасдиқи созишномаи сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва ширкати «Хели»-и шаҳри Дунини Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» интизорӣ меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.