Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ даъват ба амал овард, ки муттаҳид шаванд, то ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» мубориза кунанд. Дар ин бора хабарнигори «Газета. Ru» иттилоъ додааст.
«Ҳамаи мо аз омили Давлати исломӣ (ДИ) огаҳем. Мунтазам хабар мерасад, ки дар ҷангҳо барои барпо кардани ба истилоҳ «халифати исломӣ» шаҳрвандони бисёре аз кишварҳои ИДМ иштирок доранд, ки ин шумор аз садҳо то якчанд ҳазорро ташкил медиҳад. Пешниҳод мекунам, ки ба хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори ИДМ ҷиҳати ҳамоҳангсозии муассири кӯшишҳо барои аз байн бурдани ин таҳдид дастуру супоришҳои мушаххас дода шавад», – изҳор доштааст сарвари давлати Тоҷикистон.



