Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 12 октябр дар назди маҷмааи савдои «Пойтахт-90» намоишгоҳи асбоб ва лавозимоти ҳунармандии халқӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00; – 13 октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Гелзенкирхен, Олмон) вохӯрии дӯстона доир мегардад. Оғози бозӣ соати 18-00. Қ урби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), […]



Анонс


– 12 октябр

дар назди маҷмааи савдои «Пойтахт-90» намоишгоҳи асбоб ва лавозимоти ҳунармандии халқӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;


– 13 октябр

дар Варзишгоҳи марказии пойтахт миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Гелзенкирхен, Олмон) вохӯрии дӯстона доир мегардад. Оғози бозӣ соати 18-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9947

сомонӣ;


1

евро –

6.2828

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1


2


41

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


11 Октябр


1930

– Дар Тоҷикистон таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҷорӣ гардид.


1949

– Дар Маҷмаъи Умумии Иттиҳодияи умумиҷаҳонии тиббӣ Кодекси нахустини ахлоқи тиббӣ қабул шуд.


2004

– Дар Люксембург президент Эмомалӣ Раҳмонов Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид.


1912-1990

– Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор Солеҳ Раҷабов.


1920-1985

– Мавлуди нависанда Мустафо Шарқӣ.


1953

– Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Тоҷинисо Саидова.


12 Октябр


1492

– Колумб Амрикоро ифтитоҳ намуд, ҳарчанд гумон мекард, ки ба соҳилҳои Ҳиндустон расидааст.


1933

– Дар Душанбе Боғи ботаникӣ (феълан Боғи Ирам) кушода шуд.


1873-1958

– Зодрӯзи муаррих, академики АИ Тоҷикистон Александр Семёнов.


1902 – 1973

– Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Нисо» Павел Лукницкий.


1912-1975

– Зодрӯзи оҳангсоз Михаил Муравен.


1922

– Мавлуди доктори улуми таърих Ҳамид Гадоев.


1944

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Ғиёсиддин Мироҷев.


1953-2007

– Мавлуди оҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов.


1954-2000

– Зодрӯзи нависанда Искандари Хатлонӣ.



Вазъи обуҳаво


11-уми октябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +18+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +8+13.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +1+6, рӯзона +13+18;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +13+18.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +19+21.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.


12-уми октябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 13 октябр борони кӯтоҳмуддат, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +2+7, рӯзона +13+18;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.