Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои ИДМ-ро ба мубориза зидди «ДИ» даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ даъват ба амал овард, ки муттаҳид шаванд, то ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» мубориза кунанд. Дар ин бора хабарнигори «Газета. Ru» иттилоъ додааст. «Ҳамаи мо аз омили Давлати исломӣ (ДИ) огаҳем. Мунтазам хабар мерасад, ки дар ҷангҳо барои барпо кардани ба истилоҳ «халифати исломӣ» […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ даъват ба амал овард, ки муттаҳид шаванд, то ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» мубориза кунанд. Дар ин бора хабарнигори «Газета. Ru» иттилоъ додааст.

«Ҳамаи мо аз омили Давлати исломӣ (ДИ) огаҳем. Мунтазам хабар мерасад, ки дар ҷангҳо барои барпо кардани ба истилоҳ «халифати исломӣ» шаҳрвандони бисёре аз кишварҳои ИДМ иштирок доранд, ки ин шумор аз садҳо то якчанд ҳазорро ташкил медиҳад. Пешниҳод мекунам, ки ба хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори ИДМ ҷиҳати ҳамоҳангсозии муассири кӯшишҳо барои аз байн бурдани ин таҳдид дастуру супоришҳои мушаххас дода шавад», – изҳор доштааст сарвари давлати Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.