Э.Раҳмон ба сарони кишварҳои ИДМ ваъдаи кумак ба таҳкими марзро ёдовар шуд

Имрӯз, 10-уми октябр зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Минск президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтоёни худро ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ҷалб намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҷарёани амалисозии қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳод нисбат ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи давлатӣ […]



Имрӯз, 10-уми октябр зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Минск президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтоёни худро ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ҷалб намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҷарёани амалисозии қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳод нисбат ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон низ ишора кардааст.

Гуфта мешавад, сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуда, онҳоро ба вусъати ҳамкорию ҳамгироии муассир даъват намуд.

Зикр мегардад, ки масоили таҳкими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар доираи ИДМ, такмили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, пурзӯр намудани ҳамгироӣ ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунин омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аст.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон, Арманистону Озарбойҷон, Молдова, Русия ва кишвари мизбон-Беларус ба ҳам омаданд. Аз Украина сафири ин кишвар дар Беларус намояндагӣ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.