Ҳабси имомхатиби масҷиди Қӯрғонтеппа барои нашъаҷаллобӣ



Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2014” дар ҳудуди ноҳияи Вахш имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеи ба номи “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 4 қуттии вазелин ва бастаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг дарёфт гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, экспертизаи судӣ муайян намудааст, маводи боздоштшуда афюн мебошад. «Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, имом-хатиб афюн истеъмол менамудааст ва ҳатто онро дар байни сокинон мефурӯхтааст. Бо роҳи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар сокинони вилоят дастгир гардиданд, ки ба имом-хатиб афюнро мефурӯхтанд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ бо моддаи 200 қ.2 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное